ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Зимистони метеорологӣ дар Маскав 15 ноябр фаро мерасад, ки аз вақти муқаррарӣ 5 рӯз дертар мебошад, хабар дод РИА "Новости" аз қавли масъули маркази ҳавошиносии "Фобос" Евгений Тишковетс.
Ӯ тавзеҳ додааст, ки рӯзи душанбеи 15 ноябр барфрезӣ дар назар буда, ҳарорати ҳаво то -5 дараҷа хунук мешавад.
"Қабати барфие бо ғафсии якчанд сантиметр ба вуҷуд меояд. Аз ҷумла дар Маскав 2-3 см ва дар атрофҳои Маскав дар баъзе ҷойҳо 3-8 см барф меборад", - изҳор дошт Тишковетс.
Ҳавошинос дар мавриди ҳафтаи оянда изҳор доштааст, ки тайи ин муддат бори аввал ҳарорати ҳаво аз 0 дараҷа поин меравад ва як навъ тайёрӣ дар арафаи зимистони метеорологӣ хоҳад буд.
Тишковетс ҳушдор дод, ки эҳтимоли яхбандӣ дар роҳҳо зиёд мешавад, боронҳо дар назаранд.
Ӯ илова намуд, ки инчунин ҷаҳишҳои фишори атмосферӣ рух хоҳанд дод, ки ба вазъи саломатии афроди вобаста ба обу ҳаво таъсир хоҳанд дошт.