ДУШАНБЕ, 7 ноя – Sputnik. Дафтари матбуотии волии “Толибон”* дар Нангарҳор дар як баёнияе хабар додааст, ки аз ин ба баъд ҳеҷ як ронанда наметавонад силоҳро бо рикшоаш интиқол диҳад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Дар ин баёния ҳамчунин аз нерӯҳои “Толибон”* даъват шудааст, ки ба рикшоҳои мусаллаҳ савор нашаванд.
Дар баёнияи мухтасар ҳамчунин аз мардум даъват шудааст, ки ба мақомоти амниятии “Толибон”* дар бораи ҳузури афроди мусаллаҳ ба онҳо хабар диҳанд.
Аммо “Толибон”* исрор дорад, ки дар сурати интиқоли афроди мусаллаҳ бо рикшо онҳо бо ронандагони худ "ба таври қонунӣ муомила хоҳанд кард".
Вилояти Нангарҳор, воқеъ дар шарқи ин кишвар пас аз сари қудрат омадани “Толибон”* афзоиши кушторҳои ҳадафмандона ва инфиҷорро шоҳид шудааст. ДИИШ масъулияти аксари бомбгузориҳо дар ин вилоятро бар уҳда гирифтааст.
Дар охирин маврид субҳи имрӯз дар Ҷалолобод дар як инфиҷор се нафар кушта шуд.
* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон