Зодрӯзи Мусо Диноршоев ва Абдурашид Хуҷамқулов: 7 ноябр дар таърих

Ҳафтуми ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи театр буда, дар Қирғизистон Рӯзи иттилоот ва матбуот аст
Sputnik

Рӯзи 7-уми ноябр дар ҷаҳон чӣ рух дод?

Соли 1931 агентии иттилоотии "Хитойи сурх" (ҳоло "Синхуа") таъсис дода шуд.
Соли 1941 дар Майдони Сурх реҷаи қӯшунҳои Иттиҳоди Шӯравӣ баргузор гардид.
Соли 1994 Кореи Ҷанубӣ манъи муносибатҳои тиҷоратиро бо Кореяи Шимолӣ бекор кард.
Рӯзи Сарқонун дар Тоҷикистон: 6 ноябр дар таърих
Соли 1951 дар Киев аввалин маркази телевизионии Украина ба кор даромад.

Рӯзи 7-уми ноябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод?

Соли 1929 аввалин театри касбии тоҷик – ҳоло Театри академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ифтитоҳ гардид.
Соли 2011 навсозии шоҳроҳи мошингарди Душанбе — Турсунзода — сарҳади Ӯзбекистон расман оғоз ёфт.
Соли 2014 Созишномаи қарзи имтиёзнок миёни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Бонки содироту воридот (Эксимбонк)-и Чин барои сохтмони навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии нави шаҳри Душанбе ва ба 400 мегаватт расондани иқтидори умумии он ба имзо расид.
Ифтитоҳи фурудгоҳи Душанбе: 5 ноябр дар таърих
Соли 2017 ҳамлагари дастаи "Истиқлол"-и Душанбе Манучеҳр Ҷалилов, ки дар бозиҳои Ҷоми АФК-2017 дар маҷмуъ 9 тӯбро ба ҳадаф расонидааст, беҳтарин бозингари мусобиқа дониста шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 7 ноябр

Рӯзи театри тоҷик.
Дар Қирғизистон - Рӯзи иттилоот ва матбуот.

Ҳафтуми ноябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст?

Соли 1414-1492 – шоир ва олим Абдураҳмон Ҷомӣ.
Соли 1917-1997 – олим, шоир, профессор Воҳид Асрорӣ.
Соли 1917-1995 – журналист Назаршо Исломов.
Соли 1930 – сароянда, Ҳунрманди мардумии Тоҷикистон Муслима Боқиева.
Соли 1933 – олими ҷуғрофдон Ҷунайдулло Исматов.
Соли 1934 – олим, файласуф, директори Донишкадаи фалсафаи Академияи илмҳои ҶТ Мусо Диноршоев.
Соли 1937 – ҳунарманд ва режиссёр Ҳабибулло Абдураззоқов
Соли 1940 - шоир, корманди давлатӣ Усмон Назир.
Соли 1950 - ровӣ Абдурашид Хуҷамқулов.
Соли 1951 - нависанда Абдурофеъ Рабиев.