Тоҷикистон дар пешорӯи фалокати азим қарор дорад

Аз сабаби тағйирёбии иқлим Тоҷикистон дар пешорӯи фалокати азим қарор дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. То соли 2060 бар асари офатҳои табиӣ Тоҷикистон ҳамасола 136 миллион доллар зиён хоҳад дид. Дар ин бора раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода зимни конфронси "Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон" хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, обхезӣ ва хушксолӣ ба маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар зарбаи ҷиддӣ мезанад.
Кишварҳое, ки ба зудӣ аз рӯи замин нобуд хоҳанд шуд, ном бурда шуданд
Баҳодур Шерализода таъкид кард, ки офатҳои табиӣ ба бахши иҷтимоӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарба заданд. Имрӯз 30 дарсади талафоти кишоварзӣ ба тағирёбии иқлим марбут аст.

"Аз ин рӯ таҳкими устуворӣ ба тағйирёбии иқлим яке аз самтҳои афзалиятнок ба шумор меравад", - иброз дошт ӯ.

Вай таъкид кард, Тоҷикистон осебпазиртарин кишвар дар баробари тағйири иқлим дар Осиёи Марказӣ аст. Он ба болоравии ҳарорат, обшавии пиряхҳо таъсир мерасонад, ки дар як сол ду километри мукааб аз онҳо мекоҳад.