ДУШАНБЕ, 6 ноя – Sputnik. Дар Тоҷикистон машқҳои рафъи ҳамлаи як гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ ба иншооти пойгоҳи низомии 201-уми Русия баргузор шуд, хабар медиҳад котиботи ҳавзаи ҳарбӣ.
"Дар ҷараёни машқҳо ҳайати шахсӣ, аслиҳа, техника, қобилияти истифода бурдани воситаҳои махсуси минаҳо, ошкор кардани объектҳои хатарнок, инчунин иктишофӣ, алоқа ва таҷҳизоти назоратӣ санҷида шуданд", - омадааст дар хабар.
Зикр гардид, ки тибқи нақша, як гурӯҳ душманон савори мошинҳо ва бо истифода аз силоҳи оташфишон кӯшиш кардаанд, ки тавассути гузаргоҳи ғайриқонуние вориди қаламрави як қисми ҳарбӣ шаванд.
Дар чунин ҳол воҳиди зиддитеррористии зиреҳпӯши БТР-82А ба ҷои ҳодиса расида, вазифаи ҷилавгирӣ ва маҳви гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонуниро анҷом дод.
Пойгоҳи 201-уми низомии мустақар дар Тоҷикистон бузургтарин таъсисоти низомии Русия дар берун аз марзи ин кишвар аст.