Бебориш: пешгӯии дақиқи ҳавои Тоҷикистон

Сокинони Тоҷикистонро ҳавои бебориш интизор аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 ноя – Sputnik. Ба иттилои Ожонсии ҳавошиносӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7-12 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 14-19 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 21-26 дараҷа хунук ва рӯзона 9-14 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд низ тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шудааст. Дар баъзе ноҳияҳо меғ мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7-12 дараҷа хунук рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавосанҷон мегӯянд, дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда, вале бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо меғ мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа сард то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 1-6 дараҷа хунук рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ бориш намешавад. Дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5-10 дараҷа хунук, рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешбинӣ шудааст. Ҳаво шабона 1-3 дараҷа хунук , рӯзона 10+12 дараҷа гарм мешавад.