Беш аз 100 нафар дар Африқо зинда ба зинда сӯхт

Мошини ҳомили бензин ба як автомашинаи дигари боркаш бархӯрд, ки дар натиҷа таркиши азим ба вуқуъ пайваст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 ноя – Sputnik. Дар Серра Леони Африқо таркиши азиме ҷони беш аз 100 нафарро рабуд, хабар медиҳад РИА "Новости".
Бинобар хабари манбаъ, бензинкаш бо мошини боркаше бархӯрдаст, ки дар натиҷа таркиши азим рух додааст. Ҳодисаи нохушро мири шаҳр Фритаун Ивон Аки Савиер низ тасдиқ намуда, аз фавти теъдоди зиёди одамон изҳори таассуф намудааст.
"Аз хабари таркиш дар роҳи Бай Буре, дар Веллингтон пас аз бархӯрди як мошини боркаш бо мошини ҳомили маводи сӯхт ғамгин шудам... Овозаҳо дар бораи ҳалокати беш аз 100 нафар шунида мешаванд. Ҳаҷми хисороти моддӣ маълум нест", - навиштааст вай дар саҳифаи "Facbook"-и худ.