Зимистон дар мекӯбад: пешгӯии ҳавосанҷон аз сардиву боришоти шадиди барфу борон

Сокинони Тоҷикистонро боришоти барфу борон ва фарорасии сардиҳо интизор аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, шабона ва саҳаргоҳон дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо бориши бошиддат дар назар аст. Рӯзона ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш мешавад.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 5-10 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 10-15 дараҷа хунук ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, шабона ва саҳаргоҳон барф меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф бошиддат борида, рӯзона тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд.
Дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бошад, шабона 5-10 дараҷа хунук рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.
Бориши шадиди барфу борон: ҳушдори ҳавошиносон аз се рӯзи номусоид
Ҳавосанҷон мегӯянд, дар вилояти Хатлон саҳаргоҳон дар баъзе ноҳияҳои водигӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ бориши борон ва барф, дар баъзе ноҳияҳо бошиддат ба амал меояд. Рӯзона ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд.
Дар водиҳои вилоят шабона 2+7 ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ боришоти барфу боронпешгӯӣ мешавад. Дар водиҳо шабона 2+ 7 ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.
Дар пойтахт бошад, танҳо боришоти борон дар назар буда, шабона 3+5, рӯзона 11+13 дараҷа гарм мешавад.