Вазъи коронавирус дар Осиёи Марказӣ ТУТ-ро шокӣ кард

То феврали соли 2022 тақрибан 188 ҳазор нафар эҳтимол аз коронавирус бимиранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Осиёи Марказӣ ва Иттиҳодияи Аврупо дар маркази эпидемияи пандемияи коронавирус қарор доранд. Дар ин бора раиси Бюрои аврупоии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) Ҳанс Клюге изҳор дошт.
Вай қайд кард, ки ҳар як кишвар дар минтақаҳо мавҷи нави COVID-19-ро аз сар мегузаронад ё хатари хуруҷи навбатии сироятро дорад.
Клюге гуфт, танҳо дар ҳафтаи гузашта дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ тақрибан ду миллион ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ошкор шудааст. Дар баробари ин шумори мубталоён дар ҳоли афзоиш аст.

"Мо афзоиши бемориро дар ҳама гурӯҳҳои синнусолӣ мушоҳида мекунем, аммо он чизе, ки моро бештар нигарон мекунад, эҳтимоли гирифтор шудани пиронсолон аст", - гуфт Клюге.

Намояндаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт таъкид кард, ки агар суръати кунунии паҳншавии COVID-19 идома ёбад, то моҳи феврали соли 2022 системаи тандурустии 43 кишвари Аврупо ва Осиёи Марказӣ наметавонад бо ин беморӣ мубориза барад.
Суст шудани реҷаи карантин, бо ваксина нокифоя фаро гирифтани аҳолӣ ба муборизаи муассир бар зидди коронавирус халал мерасонад.
Даъвати роҳбари ТУТ аз давлатҳои истеҳсолкунандаи ваксина: бо дигарон низ тақсим кунед
"Аксари онҳое, ки бо COVID-19 дар беморхона бистарӣ шудаанд ва онҳое, ки аз ин беморӣ фавтидаанд, бар зидди COVID-19 эм карда нашудаанд", - гуфт Клюге.
Вай аз мақомоти кишварҳо даъват кард, ки чораҳои марбут ба суръат бахшидан ба эмгузарониро тақвият бахшанд ва ҳамчунин риояи низоми ниқобпӯширо назорат кунанд.
Агар 95 дарсади аҳолии Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба пӯшидани ниқоб шуруъ кунанд, имкон дорад, ки аз ним миллион нафар сокини минтақа 188 ҳазор нафарро наҷот диҳанд, ки ба гуфтаи коршиносон, то феврали соли 2022 аз COVID-19 мефавтанд, афзуд намояндаи ТУТ.