Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон

Тағйироти кадрӣ дар ВКД: Эмомалӣ Раҳмон аз кадрҳои тозатаъйин чиро талаб кард

Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон дар пайи анҷом додани тағйироти кадрӣ дар Вазорати умури дохилӣ низ кадрҳоро ҷо ба ҷо кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Вазорати умури дохилӣ тағйироти кадрӣ анҷом дод, хабар медиҳад дафтари матбуотии ин ниҳод.
Ба иттилои манбаъ, дар пайи тағйирот сардори як раёсат ва роҳбарони 8 шуъбаи ВКД дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нав шуданд.
Аз ҷумлад дар ноҳияи Мурғоб сардори ШВКД Хайриддин Ҷаъфарзода, дар ноҳияи Рӯшон Умед Ҳамидзода ва дар ноҳияи Роштқалъа Саидҷаъфар Икромзода таъйин гардиданд.
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Президент Зуҳуриёнро аз вазифаи раиси суд барканор кард
Ҳамчунин, полковник Аскарҷон Абдурасулзода сардори Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилӣ ва сарҳангҳо Илҳом Ҷабборзода Саттор сардори шуъбаи №2 ВКД дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Мирзо Фидозода сардори ШВКД Ёвон, Шоҳвалӣ Ташрифзода сардори ШВКД-и ноҳияи Ҳамадонӣ ва майорҳо Абдурауф Ғаффорзода сардори ШВКД-и ноҳияи Абдураҳмон Ҷомии вилояти Хатлон, Ғолиб Пирмуҳаммадзода сардори ШВКД дар хатти истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе таъйин шудаанд.
Манбаъ меафояд, Эмомалӣ Раҳмон ин кадрҳои тозатаъинро ба ҳузур пазируфтаву аз онҳо хостааст, ки "барои таъмини суботу амният, таҳкими волоияти қонун, мубориза алайҳи ҳама гуна ҷинояткорӣ, бахусус терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳо" талош кунанд.