Президент тоҷикистониёнро бо Рӯзи Сарқонун табрик гуфт - видео

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар як навор кулли тоҷикистониёнро ба солгарди Рӯзи Сарқонун табрик гуфта, ба хурду бузург иқболи нек ва зиндагии босаодатро орзу намуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар як навор мардуми кишварро ба муносибати Рӯзи Сарқонун табрик гуфт.
Роҳбари давлат дар паёми табрики худ зикр намуд, ки Тоҷикистон дар байни дигар кишварҳои пасошӯравӣ яке аз аввалинҳо шуда, Конститутсияи худро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд.
"Яъне Конститутсияи мо бо раъйи худи мардуми Тоҷикистон қабул карда шуд", - таъкид намуд роҳбари давлат.
Ӯ хотиррасон намуд, ки яке аз сабабҳои асосии сар задани рӯйдодҳои фоҷиабори солҳои навадуми асри гузашта дар Тоҷикистон дағалона поймол гардидани талаботи Конститутсия ва қонунҳои он давра буд.
"Дар натиҷаи фаъолияти шабонарӯзии ҳукумати мамлакат, пуштибонии мардуми Тоҷикистон ва дар асоси ин меъёри конститутсионӣ дар як давраи нисбатан кӯтоҳи таърихӣ сохти конститутсионӣ барқарор гардид ва дар кишвар сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, амният ва тартиботи ҳуқуқиву ҷамъиятӣ таъмин карда шуд", - афзуд Эмомалӣ Раҳмон.
Эмомалӣ Раҳмон қайд намуд, ки омӯхтан, донистан, эҳтиром гузоштан ва риоя намудани Конститутсия вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
"Зеро Конститутсия пояҳои давлати моро устувор нигоҳ медорад ва роҳи моро ба сӯйи ҷомеаи пешрафта, давлати тараққикарда ва зиндагии ободу озод ҳамвор месозад", - тавзеҳ дод ӯ.
Кишвардор изҳори боварӣ намуд, шаҳрвандони Тоҷикистон дар оянда низ саъю кӯшиш мекунанд, ки бо заҳмати содиқона дар ободиву пешрафти Ватан, тараққиёти давлат ва боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагии ҳар як оила саҳми арзишманд гузоранд.
Дар фарҷом роҳбари давлат барои ҳар як тоҷикистонӣ бахту саодат ва осоишу оромӣ орзу намуд.