Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон

Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов аз мансабаш барканор шуд

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баъди се соли фаъолият аз мақомаш барканор шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ аз мақомаш барканор шуд, дар ин бора як манбаъ аз ҳукумати вилоят ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод
Номбурда 1 октябри соли 2018 ба мансаби раисии ВМКБ расида буд.
Дар ҳамин ҳол дақиқ нест, ки ҳамакнун собиқ раиси вилоят ба кадом вазифа таъйин шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ба мақоми раҳбарии ВМКБ Алишер Мирзонабот, ки то ин замон раиси шаҳри Хоруғ буд, таъйин шудааст.
Раҳмон ба Файзов ва мардуми Бадахшон сипос гуфт - чаро?
Ёдгор Файзов раиси акнун пешини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 59 сол дошта, зодаи деҳаи Поршиневи ноҳияи Шуғнон аст.
Ӯ Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистонро соли 1984 хатм карда, соли 1986 дар синни 25- солагӣ котиби аввали комсомоли шаҳри Хоруғ шуд.
Аз соли 1993 то 2018, тӯли 25 сол дар сохторҳои Хазинаи Оғохон кор кардааст.
Солҳои 2004-2018 директори Фонди Оғохони Тоҷикистон буд ва пас аз он раҳбарии ВМКБ - ро пас аз Шодихон Ҷамшед ба зимма гирифт.