Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон

Президент Зуҳуриёнро аз вазифаи раиси суд барканор кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни анҷоми тағйироти кадрӣ раиси суди ноияи Шаҳритусро барканор кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 5 ноябр раиси суди ноҳияи Шаҳритус аз вазифа барканор гардид.
Котиботи роҳбари давлат зимни нашри фармони Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки Зуҳуриён Холмурод Абдулло аз вазифаи раиси суди ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон озод карда шуд.
Манбаъ сабаби барканории Зуҳуриёнро расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан арзёбӣ намудааст.
Зимнан бо фармони дигари Эмомалӣ Раҳмон Назарзода Ризо Шодӣ аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд.
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Генерал Алишер Мирзонабот раиси нави ВМКБ кист?
Номбурда ҳоло иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хоруғи ВМКБ таъйин гардид.
Бо фармони раисҷумҳур ҳамчунин Сатторӣ Далер Абдумансур директори Муассисаи давлатии "Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ" интихоб гардид.
Ёдовар мешавем, ки 5 ноябр раисҷумҳури Тоҷикистон раиси ВМКБ Файзов Ёдгорро низ аз вазифа сабукдӯш кард. Феълан иллати аз вазифа барканор кардани Файзов маълум нест ва ҳамчунин рӯшан нест, ки ӯ ба ягон вазифаи дигар таъйин мешавад ё на.