ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон Алишер Мирзонаботро раиси ВМКБ таъйин кард.
Ӯ дар ин мақом Ёдгор Файзовро иваз кард.
Дар ин бора як манбаъ аз ҳукумати вилоят ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, фармони таъйини Алишер Мирзонабот дар назар аст, имрӯз, 5 ноябр расман эълон шавад.
Манбаъ гуфт, ҳамзамон Нилуфар Асламшоева ба вазифаи муовини раиси вилоят ва Назарзода Ризо ба вазифаи иҷрокунандаи раиси шаҳри Хоруғ таъйин гардиданд.
Алишер Мирзонабот то расидани ба ин курсӣ дар мансаби раиси шаҳри Хоруғ кор мекард, ки соли 2020 ба ин вазифа расида буд. Тайи ду сол муовини раҳбари ВМКБ ҳам буд.
Номбурда дорандаи унвони генерал-майор буда, то соли 2018 муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон низ буд.
Унвони генералиро номбурда соли 2019 ба даст овард.