Рӯзи 5-уми ноябр дар ҷаҳон чӣ рух дод?
Соли 1927 дар Англия аввалин маротиба чароғаки роҳи худкор ба кор дароварда шуд.
Соли 1935 бозии рӯимизии "Монополия" сохта шуд.
Соли 1956 дар Бритониё бори аввал пахши телевизиони ранга ба роҳ монда шуд.
Рӯзи 5-уми ноябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод?
Соли 1929 роҳи мошингарди Душанбе - Кӯлоб ифтитоҳ шуд.
Соли 1929 фурудгоҳи Душанбе ифтитоҳ шуд.
Соли 1964 дар шаҳри Душанбе муҷассамаи асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ гузошта шуд.
Соли 2008 чархаи сеюми НБО " Сангтӯда -1" ба истифода дода шуд.
Соли 2008 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пахши шабакаи нави телевизионии "Ҷаҳоннамо" ва шабакаи радиои "Фарҳанг" оғоз гардид.
Соли 2010 дар Кохи Борбади пойтахт бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон қисмати ниҳоии Фестивали ҷумҳуриявии "Чакомаи гесӯ" доир шуд.
Соли 2010 дар шаҳри Гулистон (Қайроққум) — и вилояти Суғд Маркази фарҳангии "Кохи Истиқлол" ифтитоҳ гардид.
Ҷашнҳои рӯзи 5-уми ноябр
Рӯзи ҷаҳонии паҳн кардани иттилоот оид ба мушкилоти сунами.
Дар Русия — Рӯзи разведчики ҳарбӣ.
Панҷуми ноябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст?
Соли 1911-1970 доктори илмҳои фалсафа, профессор Алоуддин Баҳоваддинов.
Соли 1917 - доктори илмҳои тибб, профессор Юно Додхоев.
Соли 1924 - олими таърихшинос академик Аҳрор Мухторов.
Соли 1930 – 1990 журналист Бузургхон Олимов.
Соли 1944 - доктори илмҳои фалсафа, профессор Муҳаммадқул Ҳазратқулов.
Соли 1952 - 2014 - нависанда Ҷонибек Акобиров.