ДУШАНБЕ, 4 ноя – Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон ҷадвали кор барои нимаи аввали моҳи ноябрро эълон карданд.
Ҳамин тавр дар робита ба таҷлили Рӯзи Конститутсия ба сокинони Тоҷикистон як рӯзи истироҳатии иловагӣ дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 6 ноябр Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил мешавад.
Тибқи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”, агар рӯзи истироҳати расмӣ ба рӯзи истироҳат рост ояд, рӯзи кории дигар низ рӯзи ғайрикорӣ хоҳад буд.
Имсол дар тақвим рӯзи истироҳат ба рӯзи шанбе рост меояд.
Ҳамин тариқ барои таҷлили 27-умин солгарди қабули Қонуни Асосии Тоҷикистон сокинони ҷумҳурӣ се рӯз пайиҳам – рӯзҳои 6, 7 ва 8 ноябр истироҳат мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки 6 ноябри соли 1994 дар Тоҷикистон раъйпурсии умумихалқӣ баргузор шуд, ки дар он Конститутсияи ҷумҳурӣ қабул гардид.
Санади мазкур дар шароити барои мамлакат душвор қабул карда шуд: дар ин давра дар Тоҷикистон чанги шаҳрвандӣ ҷараён дошт. Ба ин далел омодагӣ ба раъйпурсӣ дар чанд марҳила сурат гирифт.