ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Дар Теҳрон сафири Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо раиси вилояти Ҳурмузгони Эрон Маҳдии Дӯстӣ мулоқот кард, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон
Тибқи иттилои манбаъ, дар мулоқоти мазкур роҳбарони мақомоти иқтисодию тиҷории вилояти мазкур низ ҳузур доштанд.
Гуфта мешавад, тарафҳо бо дарназардошти зарфиятҳои бузурги транзитию нақлиётии вилояти Ҳурмузгон масъалаҳои истифодаи имконоти бандарҳои он, бавижа Бандараббосро дар тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратии Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ин бандар яке аз муҳимтарин марказҳои тиҷорию иқтисодии Эрон ва кишварҳои минтақаи Халиҷи Форс ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин дар мулоқот ҷониби эронӣ иқтидорҳои иқтисодию тиҷоратии вилояти Ҳурмузгонро муаррифӣ намуда, омодагиашро ҷиҳати рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Тоҷикистон баён кард.
Ҳурмузгон яке аз вилоятҳои муҳими ҷанубии Эрон мебошад, ки дар шимоли Тангаи Ҳурмуз воқеъ буда, яке аз қутбҳои сайёҳиву иқтисодии Эрон дониста мешавад. Шаҳри Бандараббос, ки бандари ҳамноми он дар ин шаҳр қарор дорад ва маркази вилоят мебошад, яке аз марказҳои муҳими фаъолиятҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ дар минтақа ба шумор меравад.