ДУШАНБЕ, 4 ноя. Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Русия пешниҳод кардааст, шаҳрвандони хориҷие, ки иҷозати иқомати доимӣ ё патенти кор дар Русия доранд, кортҳои пластикӣ бо маълумоти шахсӣ дода шавад.
Лоиҳаи фармони дахлдори Вазорати корҳои дохилӣ дар портали лоиҳаҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ нашр шудааст.
Корти пластикӣ маълумоти зеринро дар бар мегирад: акси чеҳра дар шакли электронӣ, тасвири папиллярии ангуштҳо, QR-код, инчунин дигар маълумоти шахсӣ, ки метавонанд барои муайян кардани соҳиби он истифода шаванд.
Кортро метавон дар давоми даҳ сол аз рӯзи сабти маълумоти шахсии биометрии муҳоҷир дар шакли электронӣ дарёфт кард.
Ҳамин гуна корт ҳамчун шаҳодатномаи муваққатӣ ба шахсони бешаҳрвандӣ дода мешавад.
Ин корт инчунин ба шахсони бешаҳрванд, ки патент доранд, дода мешавад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Русия лоиҳаи қонунеро омода мекунад, ки тибқи он ҳамаи муҳоҷирони корӣ, ки аз кишварҳои ҳамсоя вориди қаламрави Русия мешаванд, метавонанд маҷбур созанд аз қайди геномӣ гузаранд.