Минск мехоҳад дар вилояти Суғд корхонаҳои нави саноатӣ бунёд намояд

Роҳбарони вилоятҳои Суғду Минск ният доранд, корхонаҳои муштарак бунёд намоянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Ахиран дар пойтахти Белорус мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, ки бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Белорус қарор дорад, бо Александр Турчин, раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Минск баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуотии ҳукумати вилояти Суғд.
Тибқи иттилои манбаъ, зимни мулоқот роҳбарони вилоят ва Минск таъкид доштанд, ки омода ҳастанд, ҳамкориҳои худро тақвият бахшанд ва робитаҳоро дар самтҳои гуногун ба роҳ монанд.
Раҷаббой Аҳмадзода дар мулоқот бо Александр Турчин қайд кард, бар асоси созишномаи дуҷонибаи вилоятҳо, ки ҳанӯз соли 2014 ба имзо расида буд, ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, илму техника ва фарҳанг ба роҳ монда шудааст.
Тоҷикистон ва Белорус масъалаи таъсиси корхонаҳои муштаракро баррасӣ намуданд
Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон дар бораи вазъи хоҷагии халқи вилоят ва имконияту захираҳо дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ маълумот дод.
“Қайд карда шуд, ки дар вилояти Суғд барои амалисозии лоиҳаҳои муштарак дар самти ташкили корхонаҳои нави саноатӣ, коркарди пахта ва меваҷот, маъдан, техникаи маишӣ имкониятҳо зиёд аст. Ҷонибҳо метавонанд ҳамкориҳоро боз ҳам густариш бахшанд”, - зикр намудааст манбаъ.
Александр Турчин ҳавасмандии худро барои ташкили корхонаҳои нави саноатӣ дар самти коркарди пахтаву меваҷот дар Тоҷикистон баён ва изҳор дошт, ки тарафҳо бо истифода аз имкониятҳо метавонанд дар соҳаҳои илму маориф, фарҳангу сайёҳӣ низ робитаҳоро беҳтар намоянд.
Дар мулоқоти роҳбарони вилоят инчунин масъалаи дастраскунии меваҷоти Тоҷикистон ва бозорҳои Белорус ва воридсозии тухмии картошка аз Белорус ба вилояти Суғд баррасӣ шуд.
Иттилоъ дода шудааст, ки роҳбари вилояти Суғдро дар ин сафар раисони як қатор шаҳру ноҳияҳо, масъулини Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва роҳбарони корхонаҳои саноатии вилоят ҳамроҳӣ мекунанд.
Ҳайати вилояти Суғд дар идомаи сафар аз парки саноатии Белорусу Чин "Санги бузург"(Великий камень) боздид намуда, бо фаъолияти корхонаи саноатии БелАЗ шинос шуданд.