Тоҷикистону Эрон иҷрои санадҳои имзошударо баррасӣ карданд

Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон бо вазири додгустарии Эрон дидор кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон дар шаҳри Теҳрон бо Амин Ҳусайни Раҳимӣ, вазири додгустарии Эрон дидору мулоқот кард, иттилоъ додааст сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар.
Бинобар иттилои манбаъ, зимни мулоқот тарафҳо масъалаҳои равобити дуҷониба, аз ҷумла пайгирии иҷрои санадҳои имзошуда байни мақомоти дахлдори ду кишвар ва такмили пояи шартномавиву ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ин замина таъкид шуд, ки барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар тӯли 30 соли муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Эрон, заминаи устувори шартномавӣ-ҳуқуқӣ эҷод шудааст, ки ҳудуди 180 аҳдномаву созишномаи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравиро дар бар мегирад.
Орзуи деринаи устодон татбиқ шуд: Ифтитоҳи озмоишгоҳи нанотехнологӣ дар ДМТ бо кумаки Эрон
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дар хусуси масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо табодули назар сурат гирифт.
Муносиботи Тоҷикистон бо Эрон пас аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон оғоз гашт.
Ҷумҳурии Исломии Эрон дар қатори нахустин кишварҳо истиқлоли Тоҷикистонро дар соли 1991 ба расмият шинохт ва моҳи январи соли 1992 аввалин шуда, дар Душанбе сафорати худро боз кард.
Тоҷикистон моҳи июли соли 1995 Сафоратхонаи худро дар Теҳрон фаъол кард.