“Бо таҷҳизоти №1”: “ТАлКо голд” ба кор шуруъ мекунад

“ТАлКо голд”, корхонаи тавлиди маъданҳои гаронбаҳо бо гузашти се сол аз шуруи сохтмонаш ба фаъолият оғоз хоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Қарор буд, ин корхона соли гузашта пурра ба кор дарояд, аммо ба далоили маҳдудиятҳои замони “вируси корона” шуруи кори он ба таъхир афтод.
Дафтари матбуотии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод, ки истеҳсоли тилову сурма нахуст бо технологияҳои ибтидоӣ аз охири моҳи равон шуруъ шуда, то Наврӯзи соли оянда коргоҳ бо тамоми қудраташ ба кор медарояд.

“Ин як тарҳи нодир аст. Аз як сӯ корхона бо технологияи муосиртарини аврупоӣ кор хоҳад кард, аз сӯйи дигар стандартҳои баландтарини экологӣ таъмин хоҳад шуд, аз ҷумла ба хоку ҳаво ва табиати атроф таъсиргузории минималиро хоҳад дошт. Партовгоҳаш хеле мустаҳкам ва тобовар ба офатҳои табиӣ, аз ҷумла заминҷунбӣ хоҳад буд. Оби дарё низ бо як канал аз маҳалли корхона давр дода шудааст, ки гарде ба он намерасад”, - гуфт манбаъ.

Таҷҳизоти “ТАлКо голд” истеҳсоли ширкати "Metco"-и Финляндия, яке аз пешгомони тавлиди технологияҳои саноатии ҷаҳон, аз ҷумла пардозиши маодини кӯҳӣ, газу нафт, коғаз ва ғайра аст. Ширкат ба коркарди захираҳои маъдани кони Кончоч, воқеъ дар ноҳияи Айнӣ оғоз мекунад, ки бино ба иттилои расмӣ, вуҷуди 39 тонна тило, ҳудуди 200 ҳазор тонна сурма ва дигар маъданҳои нодир дар он тасбит шудааст.
“Талко голд” - "нозанини саноатӣ" дар оғӯши куҳҳои Фон – гузориши тасвирӣ
Тибқи иттилои расмӣ, дар корхонаи “Талко голд” солона 2,3 тонна тило, 21 ҳазор тонна сурма ва дигар маодини нодир тавлид хоҳад шуд.
“ТАлКо голд” яке аз коргоҳҳои тобеи “ТАлКо”, ширкати давлатии Тоҷикистон аст, ки 27 апрели соли 2017 сабти ном шуда, муҷаввизи пардозиши захоири зерзаминӣ дар кони Кончочи ноҳияи Айнии вилояти Суғдро дорад. 15 декабри ҳамон сол “ТАлКо” ва Ширкати саноати кӯҳии "Ҳуаюй” (Tibet Hua Yu Mining Co., Ltd)-и Чин созишномаеро ба имзо расонданд, ки дар пайи он “ТАлКо голд” бо саҳми 50 ба 50 ба ширкати муштараки тоҷикиву чинӣ табдил ёфт.
Дар миёни тамоми корхонаҳои маъдани фаъол дар Тоҷикистон, аз қабили “Зарафшон”, “Анзоб”, “Апрелевка”, “Покрӯд” ва ғайра “ТАлКо голд” танҳо ширкате хоҳад буд, ки Тоҷикистон дар он 50 дарсад саҳм дорад.
Ширкати “ТАЛКО Голд” оид ба истеҳсоли сурма дар шимоли Тоҷикистон калонтарин дар Осиёи Миёна аст
Бақия ҳама бо саҳми 75 то 100-дарсадӣ мутааллиқи ширкатҳои хориҷиянд. 30 марти 2018 “ТАлКо голд” аввалин ҷаласаи саҳҳомонро баргузор ва стратегияи рушдашро таъйид кард. 200 миллион доллар барои тарҳи “ТАлКо голд” аз Чин ба даст омад, аммо баъдтар ба хотири ворид кардани меъёрҳои ҷадиди экологӣ 12 миллион доллар бар он афзуда шуд.
Моҳи июни соли 2018 Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон санги асоси “ТАлКо Голд”-ро гузошт ва сохтмони он шуруъ шуд. Дар кори сохтмони он 500 нафар, ба шумули 150 мутахассиси чинӣ ширкат дошт. Қарор аст, пас аз пурра ба кор даромадани корхона 98%-и коргарон мардуми маҳаллӣ бошанд.
Дар ҳамин ҳол ин танҳо корхонаи “ТАлКо” дар Кончоч нест. Дар гӯшаи дигари он, дар мавзеи Саратоғ корхонаи “ТАлКо Флюорит” қарор дорад, ки ба истеҳсоли консентрати флюорит дар ҳаҷми 100 то 120 тонна ва зарфияти умумии 200 тонна машғул аст.