ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Парвози Нурсултон - Бишкек аз сар гирифта мешавад, хабар медиҳад шабакаи телеграммии Sputnik Қазоқистон.
Комиссияи байниидораии назди Ҳукумати Казоқистон чунин як тасмим гирифтааст.
"Air Astana" ният дорад, ки парвозҳоро ба зудӣ аз сар бигирад.
Парвозҳо тавассути ҳавопаймои E190-E2 / A-320 анҷом ва ҷадвали парвозҳо дар вебсайти ширкат нашр мешаванд.
Пас аз оғози пандемия парвозҳо ба пойтахти Қазоқистон қатъ шуданд.
Баъдан танҳо парвозҳо дар масири Бишкек - Алмаато ва Бишкек - Туркистон аз сар гирифта шуданд.