Заминларза дар Тоҷикистон

Тоҷикистонро боз заминҷунбӣ такон дод

Зилзилашиносони ӯзбек аз заминларзаи нави 4,3-дараҷаӣ дар Тоҷикистон хабар медиҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 ноя – Sputnik. Дар Тоҷикистон заминларза сабт шудааст, хабар медиҳад Маркази зилзиласанҷии Вазорати ҳолатҳои изтирории Ӯзбекистон.
Гуфта мешавад, ки заминларза соати 12:55, ба вақти Душанбе сабт шудааст.
Маркази он дар умқи 10 километр ҷойгир будааст.
Замин ба шиддати 4,3 дараҷа ларзидааст.
Қайд карда мешавад, ки масофа аз маркази заминларза то Тошканд дар самти ҷанубу шарқ 450 километрро ташкил медод.
Заминларза дар Тоҷикистон
КҲФ Тоҷикистон то ҳол дар бораи тахриби эҳтимолӣ ва пайомадҳои дигари заминларза хабар надодааст.
Зилзилашиносони ӯзбек таъкид мекунанд, ки ин дуввумин мавриди сабтшуда дар ҷумҳурӣ аз аввали моҳи ноябр аст.
Гуфта мешавад, якуми ноябр, соати 20:36, ба вақти маҳаллӣ дар марзи Тоҷикистону Чин заминларзаи чордараҷаӣ рух дод.