ДУШАНБЕ, 2 ноя – Sputnik. Қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон боз каме коҳиш ёфту арзиши доллар боло.
Тибқи иттилои БМТ арзиши 1 рубли русӣ 0.1583 сомонӣ мебошад, ки ин нисбат ба ҳафтаи гузашта камтар (0.1592 сомонӣ барои 1 рубл) ва нисбат ба дирӯз низ (0.1586) низ камтар аст.
Асъори русӣ дар моҳи октябр нисбат ба сомонӣ ба баландтарин нишондиҳандаҳояш дар соли ҷорӣ расида буд, ки 1000 рубл беш аз 161 сомонӣ қимат дошт.
Асъори аврупоӣ бошад, дар оғози моҳи равон майли гаронӣ дорад. Дар бозори арзи кишвар як евро 13.0351 сомонӣ арзиш дорад, дар ҳоле ки ду рӯз пеш 13.0255 буд.
Асъори амрикоӣ низ дар нишондоди нави БМТ каме боло рафтааст. Қурби 1 доллар ҳоло дар бозори арзи кишвар 11.2585 сомонӣ арзиш дорад, дар ҳоле, ки ҳамагӣ як рӯз пеш 11.2480 буд.
Дар ҳамин ҳол қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷӣ бо пули нақд дар ташкилотҳои қарзӣ чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.2585 то 11.2500 сомонӣ;
1 евро аз 13.0351 то 13.1300 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1583 то 0.1580 сомонӣ.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятиро дар пай дорад.