Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо

Сатторов аз хавфи роҳ ёфтани COVID-19 ба Тоҷикистон гуфт ва роҳи пешгириро нишон дод

Профессори тоҷик мегӯяд, масунияте, ки пас аз гирифтани ду воя ваксин дар инсон пайдо мешавад, то шаш моҳ ӯро аз вирус муҳоҷизат мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Ба Тоҷикистон хатари дигарбора ворид шудани бемории коронавирус таҳдид мекунад, хабар медиҳад агентии "Ховар" бо истинод ба Саидбек Сатторов, профессори кафедраи микробиология, иммунология ва вирусологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, бо таваҷҷуҳ ба вазъи вахими коронавирус дар кишварҳои хориҷӣ эҳтимоли ворид шудани ин вирус ба Тоҷикистон вуҷуд дорад.
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Вазорати тандурустӣ теъдоди ваксиншудаҳо дар Тоҷикистонро эълон кард
Профессори тоҷик мегӯяд, ягона роҳи пешгирӣ аз COVID-19 гирифтани ваксина аст. Ӯ мегӯяд, ваксинаро пеш аз ҳама нафароне бояд гиранд, ки то ҳол бемори ин дард нашудаанд.
Илова бар ин Сатторов ба шаҳрвандони Тоҷикистон тавсия додааст, ки ҳар шаш моҳ як бор аз реваксинатсия гузаранд. Ба таъкиди ӯ, пас аз гирифтани ду вояи ваксина бадани инсон масунияти зиёд пайдо мекунад, аммо бо гузашти шаш моҳ масуният дигарбора суст мешавад ва дар ин асно гузаштан аз реваксинатсия шарт ва зарур аст.

"Касоне, ки ба ин беморӣ гирифтор шудаанд, дар онҳо табиатан сатҳи баланди масуният пайдо мешавад. Ва ин масуният то 6 моҳ қобилияти муҳофизат кардан дорад. Аз ин рӯ пас аз 6 моҳи беморӣ ин нафар бояд аз нав ваксина карда шавад", -афзуд профессор Сатторов.

Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон аз 16 октябр то ҳол ягон мавриди бемории шаҳрвандон аз коронавирус сабт нагардидааст. Марҳилаи моякӯбӣ аз ин беморӣ ҳамоно дар Тоҷикистон идома дорад.