Харҷи беҳудаи пул: назари коршиносон ба нақшаи Маскав дар бораи даст кашидан аз муҳоҷирон

Барои даст кашидан аз кори муҳоҷирон Маскав бояд чораҳои ҷиддӣ андешад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Маскав дар ояндаи наздик аз истифодаи муҳоҷирони корӣ дар сохтмонҳо даст кашида наметавонад. Изҳороти ахири муовини раиси пойтахт Андрей Бочкаревро чунин арзёбӣ карданд коршиносон.
Иқтисодшинос Алексей Коренев дар мусоҳиба бо "Lenta.ru" гуфтааст, ки чунин тадбирҳо сармоягузориҳои ҷиддии молиро талаб мекунад. Пеш аз ҳама шаҳр маҷбур мешавад, ки маоши бинокоронро зиёд кунад, инчунин барои харидани таҷҳизоти ҳозиразамон маблағ сарф кунад.

"Агар маош зиёд шавад, на ҳама русҳо барои рафтан ба сохтмонҳо омода хоҳанд буд. Маскав як шаҳри идорӣ аст ва сохтмон бо меҳнати доимии ҷисмонӣ алоқаманд аст", - таъкид кард Коренев.

Ғайр аз ин дар пойтахт барои ба чунин корҳо ҷалб намудани русҳо як барномаи босалоҳият ва босифат тартиб додан лозим аст.
Иқтисоддон таъкид кард, ки даст кашидан аз кори муҳоҷирон ба изҳороти Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, ки ба ҷонибдорӣ аз зарурати таҳияи барномаҳои ассимилятсияи шаҳрвандони хориҷӣ изҳори назар карда буд, мухолиф аст.
Дар Маскав нақша доранд, аз истифодаи муҳоҷирон дар сохтмонҳо пурра даст кашанд
Коршиноси умури муҳоҷират Дмитрий Исповедников дар суҳбат бо Sputnik Ӯзбекистон гуфт, чунин чораҳо метавонанд муносибати манфиро нисбат ба коргарони хориҷӣ коҳиш диҳанд.
Ба гуфтаи ӯ, дар ояндаи наздик меҳнати муҳоҷирон дар сохтмонҳои Федератсияи Русия аҳамияти худро идома медиҳад ва дар муддати кӯтоҳ иваз кардани онҳо бо русҳо имконнопазир аст.
Ёдовар мешавем, қаблан Бочкарев аз нақшаҳои мақомоти Маскав дар бораи даст кашидан аз хидматрасонии шаҳрвандони хориҷӣ дар сохтмонҳои шаҳр хабар дода буд.