ДУШАНБЕ, 2 ноя – Sputnik. Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда мешавад.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0-5 дараҷа сард ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 10-15 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 17-22 дараҷа хунук ва рӯзона аз 4 дараҷа сард то 1 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.
Сокинони Хатлонро ҳавои тағйирёбанда ва бебориш интизор аст. Ҳарорат дар водиҳо шабона 3+8 ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 1+6 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 4 дараҷа сард то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 2+4, рӯзона 18+20 дараҷа гарм мешавад.