ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Сенатори ИМА Рик Скотт раёсатҷумҳурии Ҷо Байденро барои Иёлоти Муттаҳида як фалокат номид, хабар медиҳад RT.
"Танҳо дар давоми нуҳ моҳи дар қудрат буданаш вай ба ҷои сиёсате, ки воқеан ба манфиатҳои оилаҳои амрикоӣ хидмат мекунад, роҳи радикалии сотсиалистиро пеш гирифта, Амрикоро ба сатҳи хеле пасти хатарнок расонд", - гуфт вакили парлумон.
Ба гуфтаи вай, дар семоҳаи сеюм ММД-и ИМА "дар пасманзари афзоиши таваррум ва буҳрон дар занҷираи таъминот таҳти роҳбарии Байден" коҳиш ёфт.
Скотт қайд кард, ки қарорҳои нодурусти президент боиси афзоиши нархи "қариб ҳама чиз" шудааст.
Ба таъкиди ӯ, дар замони Ҷо Байден амрикоиҳо дигар наметавонанд зиндагии худро таъмин кунанд. Ӯ гуфт, вақти он расидааст, президент пеш аз он ки ИМА комилан ба фурӯпошии иқтисодӣ дучор шавад, бояд бедор шаваду ба ҳарфи мардум гӯш диҳад.
Қаблан Доналд Трамп, раисҷумҳури собиқи Амрико гуфта буд, ки Байден бо афзоиши сарбории андоз ба оилаҳои коргар талош дорад, "дар Иёлоти Муттаҳида як Чин бунёд кунад".