ДУШАНБЕ, 1 ноябр — Sputnik. Дар Тоҷикистон беш аз 2,5 миллион нафар алайҳи бемории коронавирус ваксина гирифтанд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ хабар дод.
Бар хабари манбаъ, феълан 2 140 688 нафар бо вояи дуюм ваксинзанӣ шуданд.
Зикр гардид. ки ваксинзанӣяке аз роҳҳои асосии пешгирии паҳншавии коронавирус боқӣ мемонад.
Дар ҳамин ҳол, вазорати мазкур вазъи коронавирус дар Тоҷикисонро шарҳ дода, қайд намудааст, ки то 31 дар ҷумҳурӣ 17 086 ҳолати гирифторӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.
" Аз ин миён 16 960 нафар шифо ёфта, 124 бемор фавтиданд", - омадааст дар хабари вазорат.
Ин ниҳод таъкид намуд, ки шаҳрвандони аз 18-сола боло дар ҷумҳурӣ бояд зидди коронавирус моякӯбӣ шаванд.
Дар Тоҷикистон ҳоло ваксинаҳо ба мисли CoronaVac, AstraZeneca, Moderna, Pfizer ва "Спутник V" мавҷуданд ва сокинон метавонанд тариқи ройгон яке аз ин ваксинҳоро истифода кунанд.