ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Вазъи паҳншавии коронавирус дар Маскав ҳамоно душвор боқӣ мемонад, изҳор доштааст Сергей Собянин мири ин шаҳр.
Ба гуфтаи ӯ, давоми як ҳафтаи ахир дастикам 10 ҳазор бемори коронавирус дар ҳолати вазнин ба бемористонҳо интиқол ёфтаанд.
"Дар Маскав, мутаассифона, вазъ мушкил боқӣ мемонад. Дар як ҳафтаи охир тақрибан 10 ҳазор нафар дар ҳолати вазнин бистарӣ шуд. Динамикаи бемориҳо каме коҳиш ёфтааст, аммо вазъ ҳамоно мушкил боқӣ мемонад", - мегӯяд, Собянин.
Маскав аз рӯи шумораи мубталоён ба коронавирус дар Русия дар ҷои аввал аст. Дар маҷмуъ, дар ин шаҳр 1 миллиону 824 ҳазору 494 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумор 7 ҳазору 103 ҳолат дар як рӯзи охир мебошад.
Зимнан, 1 599 004 сокини пойтахт шифо ёфта, 31 438 бемор фавтидааст.
Мувофики маълумоти охирини Ситоди фаврии мубориза алайҳи коронавирус, дар шаҳри Маскав 5 006 956 нафар пурра алайҳи ин беморӣ ваксина гирифтааст.