Ифтитоҳи меҳмонхонаи "Серена" дар Душанбе: 1 ноябр дар таърих

Рӯзи якуми ноябри соли 2011 дар Душанбе меҳмонхонаи панҷситорагии "Серена" ба истифода дода шуд
Sputnik

Рӯйдоҳои муҳими 1 ноябр дар ҷаҳон

Соли 1895 дар Петербург Иттифоқи мубориза барои озодкунии синфи коргар таъсис дода шуд.
Соли 1897 дар шаҳри Турини Италия клуби футболи "Ювентус" таъсис ёфт.
"Ювентус" и "Бавария" разошлись миром
Соли 1938 Ҳукумати Мексика ба кишвараш аз Олмон ворид шудани яҳудиёни гурезаро манъ кард.
Соли 1944 Агентии иттилоотии Ҷопон "Киодо Тсусин" таъсис дода шуд.
Соли 1993 Туркманистон асъори рублро бекор карда, манатро ҷорӣ намуд.
Соли 2019 Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои федератсияи Русия кӯдаки 10-солаи тоҷик Бахтиёр Усмоновро дар Маскав барои нишон додани қаҳрамонӣ бо нишони "Барои ҷасорат" қадрдонӣ кард.

Муҳимтарин рӯйдодҳои 1 ноябр дар Тоҷикистон

Соли 1929 аввалин шумораи рӯзномаи "Советский Таджикистан" (ҳоло "Народная газета") нашр шуд.
Соли 2012 Президенти Тоҷикистон дар маросими ба истифода додани Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунаво дар ноҳияи Рӯдакӣ иштирок намуд.
Соли 2007 сомонаи интернетии сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин (www.tajikembassychina.com) фаъол шуд.
Соли 2010 дар шаҳри Душанбе аввалин намояндагии дипломатии кишварҳои арабӣ – сафорати Арабистони Саудӣ ифтитоҳ шуд.
Соли 2011 меҳмонхонаи панҷситорадори "Серена"-и Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Ифтитоҳи меҳмонхонаи Серена дар Душанбе
Соли 2011 дар маросими ифтитоҳи меҳмонхонаи панҷситорадори "Серена"-и Душанбе раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва пешвои исмоилиёни ҷаҳон Шоҳ Карим Ал-Ҳусайнӣ Оқохони 4 ширкат карданд.
Ага-хан и президент Таджикистана Рахмон посетили место будущего Шуробадского моста, где состоялась церемония закладки фундамента, архивное фото
Соли 2017 дар шаҳри Душанбе машварати навбатии кории коршиносони дастгоҳҳои шӯроҳои амнияти Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид.
Соли 2017 Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид.
Соли 2019 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати вакилони парлумони Урупоро таҳти роҳбарии Фулвио Мартушиелло ба ҳузур пазируфт.
Соли 2019 дар пайи татбиқи Қонуни авф аз муассисаҳои ислоҳии воқеъ дар ноҳияи Ёвон 805 маҳбус ва аз муассисаи ислоҳии занонаи шаҳри Норак 165 маҳбус озод шуданд.

Ҷашнҳои рӯзи якуми ноябр

Дар Ҷумҳурии Того – Рӯзи ёдгорӣ.
Дар Либерия — Рӯзи миннатдорӣ.

Рӯзи якуми ноябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст?

Соли 1939-1993 - нависанда Баҳром Фирӯз.
Соли 1948 - журналист Сироншои Диловар.
Соли 1950 - раққоса Садбарг Қосимова.
Соли 1951 - тренери байналмилалии самбо Шеравлиё Шеравлиёев.