Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Дар Русия давоми як шабонарӯз 41 ҳазор нафар гирифтори коронавирус шуд

Дар Русия мавориди гирифторӣ ба коронавирус ба ҳадди рекордӣ расид. Шабонарӯзи гузашта наздики 41 ҳазор нафар тоза гирифтори ин дард шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Русия дастикам 40 993 нафар гирифтори коронавирус шуд, хабар медиҳад Ситоди фаврии мубориза алайҳи ин вирус.
Ба иттилои манбаъ, ҳамакнун теъдоди умумии гирифторони коронавирус дар Русия ба 8 513 790 нафар расид.

"Дар як рӯзи охир дар Русия ҳолатҳои сирояти нави коронавирус дар 85 минтақа ба 40 993 нафар баробар шудааст", - омадааст дар хабари ситод.

Манбаъ меафзояд, дар 24 соати ахир 27 115 нафар аз бемории мазкур шифо ёфтааст. Теъдоди умумии шифоёфтагон ба 7 358 539 нафар баробар аст.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Панҷ миллион нафар аз коронавирус фавтид
Гузашта аз ин дар Русия шабонарӯзи гузашта 1158 бемор даргузаштааст. Аз ҷумла дар Маскав 94 мариз, дар Санкт- Петербург 82 ва вилояти Маскав 43 фавт аз коронавирус сабт шудааст.
Дар маҷмуъ аз оғози пандемия 238 538 нафар ҷон бохт, хабар медиҳад ситоди фаврӣ.