ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Дар сурати афзоиш ёфтани мавориди сирояти сокинон ба коронавирус тамдиди маҳдудиятҳо ба маврид аст. Дар ин бора намояндаи "Роспотребнадзор" Александр Горелов ба "Известия" хабар додааст.
Ин мутахассис зикр намуд, ки афзоиши ҳолатҳои нави беморӣ ягона шарти тамдид ёфтани маҳдудиятҳо набуда, ҳамчунин мавҷудияти катҳои холӣ дар беморхонаҳо ва дастгоҳи ИВЛ низ муҳим аст.
Ӯ илова намуд, ки ҷорӣ кардани рӯзҳои ғайрикорӣ метавонад самаранок бошад, аммо муҳимтар аз ҳама ваксингирӣ аст.
"Агар то 80 дарсад масунияти оммавӣ пайдо нашавад, мо набояд муъҷизаро интизор шавем", - афзудааст ӯ.
Дар Русия аз 30 октябр то 7 ноябр ба далели афзоиши мизони бемории COVID-19 рӯзҳои ғайрикорӣ эълон шуд. Маҳдудиятҳо пеш аз ҳама ба тиҷорат, хӯроки умумӣ ва хидматрасонӣ рабт дорад.