ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Дар пайи ҳамлаи “Толибон”* ба як маросими арӯсӣ дастикам ду нафар кушта шуд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Гуфта мешавад, ки “Толибон”* пас аз шунидани садои мусиқӣ ба тӯй, ба маросими арӯсӣ ҳамла карда ва маросимро тирборон кард.
Дар ҳамин ҳол “Толибон”* таъйид кард, ки аъзои ин гурӯҳ ба маросими арӯсӣ ҳамла кардаанд ва иддао дорад, ки дар натиҷа ду нафар боздошт шудааст.
Қаблан дар Афғонистон садои мусиқии зинда дар тӯйҳо мамнуъ шуда буд.
Инчунин дар тарабхонаву қаҳвахонаҳо талаботи қатъӣ муқаррар карда шуд, акнун занону мардон бояд ҷашнҳоро дар толорҳои алоҳида таҷлил намоянд.
Вазъият дар Афғонистон дар моҳи июн, бо хуруҷи нерӯҳои Амрико якбора бад шуд. То нимаи моҳи август дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои низомии Амрико аз Афғонистон “Толибон”* тамоми шаҳрҳои бузург ва гузаргоҳҳои марзиро ишғол кард.
Пас аз он дар Афғонистон ҳукумати давраи гузариш таъсис ёфт. Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури собиқи ин кишвар бо воридшавии ҷангҷӯёни “Толибон”* аз мақомаш истеъфо дод ва ба таври оҷил кишварро тарк кард.
* - созмони террористии мамнуъ дар Русия ва кишварҳои дигар