Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Чаро ваксингирифтаҳо дубора гирифтори COVID-19 мешаванд? Посухи пизишк

Мутахассис шарҳ дод, ки делта-штами вирус сарфи назар аз ваксина бинобар сатҳи пасти антитела метавонад ба ҳуҷайраҳои бадан ворид шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Одамоне, ки бар зидди коронавирус ваксина гирифтаанд, метавонанд бо сабаби вокуниши дери ҳуҷайраҳои хотира сироят шаванд, гуфт Александр Гинсбург, директори Маркази миллии тадқиқоти эпидемиология ва микробиология ба номи Н.Ф. Гамалея дар суҳбат бо РИА "Новости".

"Штамми делта хусусияти ҳамкорӣ бо ҳуҷайраҳоро тағйир дода, дар дохили онҳо ҷой мегирад. Вирус бинобар сатҳи пасти антителаҳо метавонад ба ҳуҷайраҳо ворид шавад", - гуфт коршинос.

Ба гуфти ӯ, маъмулан пас аз 6-8 моҳи ваксингирӣ мизони масуният коҳиш меёбад, аммо ҳуҷайраҳои хотира боқӣ мемонанд.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Гинсбург роҳеро нишон дод, ки 100% аз коронавирус муҳофизат мекунад
Онҳо дар рӯзи дуюм ё чоруми пас аз сироят шудан ба пайдо кардани антитела оғоз мекунанд, аммо ин аллакай дер аст. Вирус аз як ҳуҷайра ба ҳуҷайраи дигар бе тарки онҳо мегузарад ва ба миқдори хеле зиёд ҷамъ мешавад.
Аз ин рӯ нигоҳ доштани сатҳи баланди масуният дар хун бисёр зарур аст, яъне ҳар шаш моҳ бояд дубора ваксина гирифт.