ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Мудири кулли Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт (СҶБ) Тедрос Адханом Гебрейюс аз эҳтимоли пайдоиши вируси нав ҳушдор дод, ки ҷилавгирӣ аз он ғайриимкон аст.
"Аз нуқтаи назари биологӣ, ҳеҷ шакке нест, ки рӯзе як вируси дигаре пайдо хоҳад шуд, ки мо онро дарбар гирифта наметавонем", - гуфт ӯ дар нишасти вазирони тандурустӣ ва молияи G20.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд аз пандемияи COVID-19 ибрат гирифта, ба пандемияи нав омода шавад.
"Ҳатто агар мо ба ин ҳамагирӣ хотима диҳем, мо бояд дарсҳоеро, ки ин вазъият ба мо меомӯзад, ёд гирем ва ба оянда омода шавем", - гуфт ӯ.
Ба гуфти Гебрейесус, СҶБ ба механизми нави молиявӣ барои таъмини мубориза бо пандемия ва идоракунии беҳтар тавассути таъсиси як шӯрои маблағгузорӣ барои мубориза бо таҳдидҳои нав ва имзои созишномаи мубориза бо пандемия ниёз дорад.
Қаблан раиси Созмони ҷаҳонии беҳдошт гуфта буд, ки агар инсоният тасмим бигирад, метавонад ба пандемияи коронавирус хотима диҳад, зеро дар ҷаҳон тамоми воситаҳои зарурӣ барои мағлуб кардани ин беморӣ мавҷуд аст.