Ҷазои пулчинаки дағалгуфтор ва ҷаримабандии ронанда дар Душанбе

Нисбати пулчинаки дағалгуфтор протоколи ҳукуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода ва бо қарори додгоҳ нисбати ӯ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз татбиқ карда шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Дар Душанбе алайҳи пулчинаки дағалгуфтори нақлиёти мусофирбар протоколи ҳукуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.
Бино ба иттилои манбаъ, яке аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз рафтори дағалонаи пулчинаки мошини “Старекс” дар хатсайри No28-и шаҳр шикоят кард.
Кормандони интизомӣ дар ҷараёни тафтиш шахсияти пулчинакро, ки бо мусофирон муоширати номуносиб кардааст, маълум карданд. Маълум шуд, ин як сокини 23-солаи шаҳри Душанбе будааст.
Ӯро ба шуъбаи милитсия бурданд ва дар он ҷо ҷавон эътироф кард, ки рӯзи 28-уми октябр воқеан нисбат ба мусофире рафори дағалона карда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардааст.
“Ман подполковники милиса, мекушамат”: талаби ҷазо барои бетартибӣ дар мусофирбар-видео
Нисбати боздоштшуда протоколи ҳукуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 460 (майдаавбошӣ)-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шуда, бо қарори суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз татбиқ шуд.
Қобили зикр аст, ки қаблан ҳаракати мусофирбарҳои “Старекс” дар масири зикршуда аз ҷониби мақомоти шаҳр манъ карда шуда буд.
Ронандаи воситаи нақлиёти “Старекс” барои фаъолияти ғайриқонунии мусофирбарии бидуни иҷозатномаи мақоми ваколатдори давлатӣ ҷарима шуд.