ДУШАНБЕ, 29 октябрь — Sputnik, Данара Курманова. Агентии федералии "Россотрудничество" раваанди қабули довталабон аз кишварҳои ИДМ ба донишгоҳҳои Русияро тамдид мекунад. Акнун имкон аст, то 25 ноябр барои таҳсили ройгон дар донишгоҳҳои Русия дар бахши бакалавр, магистратура, ординатура ва аспирантура ҳуҷҷат супоред.
Қаблан ин ниҳод хабар дода буд, ки интихоби шаҳрвандони хориҷӣ то 1 ноябр идома хоҳад кард. Аммо бо назардошти маҳдудиятҳои ковидӣ, "Россотрудничество" тасмим гирифт, ки ин муддатро тақрибан барои як моҳ тамдид кунад, гуфт Павел Шевтсов, муовини раиси ин агентӣ дар суҳбат бо Sputnik.
"Шумо метавонед барои гирифтани квота аз тариқи онлайнӣ тавассути торномаи "education-in-russia.com" муроҷиат кунед. Аз як тараф ин роҳат аст, зеро барои муроҷиат ба шумо лозим нест, ки ба ягон ҷо сафар кунед, бахусус дар шароити маҳдудиятҳои коронавирусӣ",.- шарҳ дод Шевтсов.
Аммо аз тарафи дигар дар баъзе минтақаҳо мушкилоти дастрасӣ ба интернет вуҷуд дорад вале варақа бояд онлайн пур карда шавад. Барои он ки довталабони навоҳии дурдаст низ тавонанд барои гирифтани квота имкон дошта бошанд, ин ниҳод чораҳои зарурӣ андешидааст.
Шумораи квотаҳо дар соли таҳсили 2022/2023 23 ҳазорро ташкил медиҳад. Афзалият барои агентӣ кишварҳои узви ИДМ боқӣ мемонад. Тавре роҳбари "Россотрудничество" Евгений Примаков қаблан хабар дода буд, аз рӯи натиҷаҳои қабули охирин, 30% аз 80 ҳазор дархост аз кишварҳои ҳамсоя ворид шудааст.
Шумораи дақиқи дархостҳо барои соли нави хониш маълум нест, зеро қабули ҳуҷҷатҳо ҳанӯз идома дорад. Бо вуҷуди ин "Россотрудничество" аллакай метавонад кишварҳоеро ном барад, ки бештари дархостҳо барои омӯзиш дар Русия аз онҳо меоянд, мегӯяд Павел Шевтсов.
"Агар сухан дар бораи ИДМ равад, пас Тоҷикистон аз рӯи шумораи муроҷиатҳо дар ҷои аввал, Туркманистон дар ҷои дуюм ва Қазоқистон дар ҷойи севум қарор дорад", - гуфт ӯ.
Панҷгонаи кишвари пешсафро Белорус ва Ӯзбекистон хотима мебахшанд. Дар маҷмуъ довталабони кишварҳои ИДМ асосан барои таҳсили ройгон дар доираи барномаи бакалавр муроҷиат мекунанд. 58,6% довталабони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ин қисмат таҳсил кардан мехоҳанд.
Тавре аз хадамоти матбуотии агентӣ хабар доданд, дар Русия бештар хонандагони мактабҳои кишварҳои ИДМ ба азхудкунии ихтисосҳои тиббӣ майл доранд. Аз рӯи арзёбии раванди пазириш, тибби умумӣ, иқтисод ва стоматология се бахши мавриди таваҷҷуҳ гуфта мешавад.