ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Теъдоди фавти кӯдакон пас аз COVID-19 афзоиш ёфтааст, гуфт шаҳрдори Маскав.
"Кӯдаконе, ки бемориҳои музмин доранд, ин маризиро вазнин мегузаронанд. Мо мебинем, ки мизони маргумири онҳо низ афзоиш ёфтааст", - изҳор дошт Собянин дар барномаи телевизиони "Россия 1".
Ҳамзамон муовини бахши рушди иҷтимоии шаҳрдори Маскав Анастасия Ракова низ афзуд, дар пойтахт ҳамарӯза тақрибан ҳазор кӯдак ба SARS-CoV-2 мубтало мешаванд. Ба гуфтаи ин масъул, ҳамарӯза аз 20 то 30 нафар бемор дар бемористонҳо бистарӣ мешавад.
Илова бар ин рӯзи сешанбе вазири беҳдошт Михаил Мурашко қайд кард, ки дар саросари кишвар тақрибан 60 ҳазор кӯдак ба ин беморӣ гирифтор шудааст, ки дар нисфе аз онҳо аломатҳои шадиди ин маризӣ ба назар мерасад.
Вай таъкид кард, ки дар муқоиса бо соли гузашта мизони гирифторӣ ба COVID-19 дар ин миёни атфол ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст.
Рӯзҳои охир дар Русия шумораи фавтидагон ва ҳолатҳои нави сирояти коронавирус афзоиш меёбад. Дар як шабонарӯзи гузашта дар ин кишвар 1163 нафар аз гирифторони COVID-19 фавтида, шумори мубталоён ба 39 849 нафар афзудааст, ки аз ин шумора 7511 нафар дар пойтахт мебошад. Бо мақсади паст кардани шиддати паҳншавии вирус аз 28 октябр то 7 ноябр дар кишвар рӯзҳои ғайрикорӣ эълон шуд.