Оғози сафари кории Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Хуросон

Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Хуросон сафар ва бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияро ифтитоҳ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ноҳияи Хуросон рафт, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ки ин ҷо Раҳмон нахуст бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Хуросонро мавриди истифода қарор дода, бо шароити муосири фаъолияти кормандон дар он шинос шудааст.
Тибқи иттилои манбаъ, иншоот дар масоҳати 7 садяк замин бо тарҳи меъмории миллӣ сохта шуда, аз ду ошёна иборат аст.
Ҳушдор аз шаклҳои нави COVID ва ҳалли мушкилоти мардум: 5 дастури Раҳмон ба масъулин
Бинои бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Хуросон аз ҷониби бинокорону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Дилафрӯз”-и шаҳри Душанбе сохта шудааст.
Иншооти навбунёд аз 6 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳи замонавӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат аст.
Манбаъ афзуда, ки тамоми ҳуҷраҳои корӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин буда, барои фаъолияти хубу пурсамари минбаъдаи кормандони бахши ҳифзи муҳити зист имконияти зарурӣ мавҷуд мебошад.
Ҳамчунин президент Маркази ҷавононро дар шаҳраки Обикиик ва бинои нави шуъбаи маорифро дар ноҳияи Хуросон ба истифода дод.