ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Вазорати маориф ва илми Русия лоиҳаи қарори ҳукуматро дар бораи дастгирии грантии донишҷӯёни боистеъдоди хориҷӣ ва бешаҳрванд, ки дар Русия таҳсил мекунанд, омода кардааст.
"Аз соли 2022 ҷудо намудани маблағ аз буҷеаи федералӣ барои дастгирии грантии гурӯҳи зерини шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар донишгоҳҳои Русия таълим мегиранд, муқаррар карда шавад", - омадааст дар санад.
Се гурӯҳи донишҷӯён метавонанд соҳиби грант шаванд:
донишҷӯёни бахши бакалавриат ва магистратура, ки тавассути квота таҳсил мекунанд (на бештар аз – 1,5 ҳазор донишҷӯ);
донишҷӯёни шуъбаи рӯзона ё ғоибонаи магистратура, аспирантура ва ординатура, ки ҳамчунин дар ҳудуди Русия кор мекунанд (на бештар аз 4,5 ҳазор нафар);
донишҷӯёни бахши рӯзона, ки аз рӯи барномаҳои иловагии касбӣ таҳсил мекунанд ва барои кор дар қаламрави Русия уҳдадор шудаанд (на бештар аз 4 ҳазор нафар).
Грантӣ чиро дар бар мегирад?
Барои гурӯҳи аввали донишҷӯёни хориҷӣ пардохти хароҷоти роҳкиро барои вуруд ё хориҷ шудан аз Русия пешбинӣ шудааст.
Дар баробари ин ба донишҷӯён аз оғоз соли таҳсил ҳар моҳ стипендияи иловагӣ ба қадри ҳадди ақали музди меҳнат дода мешавад, ба шарте ки ӯ бо баҳои "хуб" таҳсил намояд.
Инчунин барои харидани бимаи тиббӣ ё пардохти пули хобгоҳи кумаки молӣ пешбинӣ шудааст.
Дастгирии молии гурӯҳи дуюми донишҷўён, пардохти стипендияи иловагӣ ба андозаи ду маоши ҳадди аққал дар давоми соли хониш аз ҷамъбасти нимсолаи якум, бо шарти супоридани аттестатсияи ҳамаи фанҳо бо баҳои на камтар аз "хуб" вобаста аст.
Инчунин барои давраи таҳсил харидани бимаи тиббӣ ба нақша гирифта шудааст.
Барои гурӯҳи сеюми донишҷӯён, грант маблағи таҳсилро барои барномаи иловагии касбии интихобшуда бо тӯли на бештар аз 72 соати академӣ пешбинӣ мекунад.
Қаблан Думаи давлатии Русия аз идеяи додани иҷозаи иқомат ба ҳама донишҷӯёни хориҷӣ пас аз хатми донишгоҳ пуштибонӣ карда буд.