Расман: Мирзиёев дар интихобот бо 80,12% овоз пирӯз шуд

Комиссияи марказии интихоботӣ натиҷаҳои расмии интихоботи президентии Ӯзбакистонро эълон кард.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Зайниддин Низомхоҷаев, раиси КМИ Ӯзбекистон рӯзи ҷумъа гуфт, дар интихоботи президентии рӯзи 24-уми октябр бо касби 80,12% овозҳо Шавкат Мирзиёев пирӯз шуд.
"Комиссияи марказии интихоботии Ҷумҳурии Ӯзбекистон тасмим гирифт, ки Мирзиёев Шавкат Миромонович пас аз шумориши тамоми бюллетенҳо, 80,12% овозҳоро ба даст оварда, ба мақоми президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон интихобшуда ҳисобида шавад", - гуфт Низомхоҷаев.
Интихоботи президентӣ дар ин кишвар 24 октябр баргузор шуд.
Ӯзбекистон мумкин аст дар давраи дуввуми президентии Мирзиёев шомили ИИАО шавад
Дар маҷмуъ, дар саросари кишвар беш аз 16 миллион интихобкунанда (80,4%) раъй дод.
Раҳмон ба Мирзиёев занг заду пирӯзияшро дар интихобот табрик кард
Барои курсии раиси давлат панҷ номзад мубориза бурданд. Номзади ҲХДТ Мақсуд Ворисов 6,63%, намояндаи "Миллий тикланиш" Алишер Қодиров 5,48%, номзади Ҳизби экологӣ Нарзулло Обломмуродов 4,14% ва номзади "Адолат" Баҳром Абдуҳалимов 3,39% овоз гирифтанд.