ДУШАНБЕ, 29 октябр. Дафтраи матбуотии раисҷумҳур иттилоъ додааст, ки марҳилаи аввали лоиҳа 33,2 километрро дар бар гирифта, дар натиҷаи амалӣ гаштани он роҳ аз категорияи сеюм ба категорияи яки “Б” гузаронида шуд. Паҳноии роҳ аз 16 то 25 метрро ташкил медиҳад.
Гуфта мешавад, тибқи лоиҳа, роҳ бо харҷи қариб 97 миллион доллари америкоии маблағҳои грантӣ ва қарзии Бонки Осиёии Рушд, Бунёди ОПЕК ва беш аз 17 миллион доллари Тоҷикистон бунёд шуд.
Мутобиқи барнома, дар рафти таҷдид ва навсозӣ аз ду самти ҳаракат 4 пул, 4 гузаргоҳи зеризаминӣ барои чорво ва техникаҳои кишоварзӣ, як гузаргоҳи заминӣ барои пиёдагардон, 69 қубур ва васеъ кардани роҳ бо сифати баланд сохта шудааст.
Инчунин, тибқи лоиҳа, дар роҳи мошингарди байналмилаллии Душанбе – Бохтар байни роҳ пурра бо деворҳои ҳимоявӣ ҷудо карда шуда, бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин мебошад.
Дар ҳамин ҳол манбаъ зикр кардааст, ки дар зимни иҷрои марҳилаи якуми лоиҳа бо мақсади беҳтарсозии инфрасохтори роҳ нуқтаҳои хидматрасонӣ — хонаи модару кӯдак, бозорчаи мавсимӣ, таваққуфгоҳ ва нуқтаи санитарӣ бунёд мешавад.
“Аз ҳисоби марҳилаи якум таҷдиду навсозии роҳи қитъаи бозори “Корвон” бо тӯли қариб 2 километр ба анҷом расонида шудааст”, - таъкид кардааст манбаъ.
Ҳамзамон манбаъ ёдас шудааст, ки корҳои сохтмонӣ дар роҳи дорои аҳамияти байналмилалии “Душанбе – Бохтар” бо иштироки бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон, расиҷумҳури кишвар 26 октябри соли 2017 оғоз гардида буд ва ҳоло он дар доираи таҷлили ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ пурра ба истифода дода шуд.
Марҳилаи дуюми таҷдиди шоҳроҳи “Душанбе – Бохтар” яке аз се қисми асосии лоиҳаи навсозии шоҳроҳи мазкур ба ҳисоб рафта, аз километри 33 то километри 73 — юмро дар бар мегирад ва пурра аз ҳудуди ноҳияи Хуросон мегузарад.
Дарозии умумии роҳи мазкур 35 километру 575 метрро дар бар мегирад ва паҳноии он аз 23 то 27 метрро ташкил дода, бо 4 хатти ҳаракати 3,5-метра ба ду самт бо пойдеворҳои бетонӣ ҷудо карда шудааст.
“Ин қисмати шоҳроҳ аз ҳудуди 3 ҷамоати деҳоти ноҳия мегузарад”, - қайд кардааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Лоиҳаи мазкур бо Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 роҳандозӣ гардида, корҳои сохтмону навсозии он худи ҳамон сол шуруъ шуда буд.
Арзиши лоиҳавии корҳо 56 миллион доллари америкоиро дарбар гирифтааст.
Дар ин марҳилаи роҳ дар маҷмӯъ 9 пул, аз ҷумла 8 пул навсозӣ ва 1 пули дигар таъмир гардидааст.
Ҳамчунин бунёди деворҳои ҳимоявии оҳану бетонӣ дар 13 қитъа бо дарозии 1 ҳазору 200 метр анҷом дода шуд.
Эмомалӣ Раҳмон дар ду марҳилаи роҳи “Душанбе – Бохтар” зиёда аз 75 километр роҳ, 1 ҳазору 170 метр пул, 24 ҳазору 752 метр пиёдароҳро ба истифода дода.
Раисҷумҳур пас аз шиносоии пурра бо ҷараёни корҳои анҷомёфта дар ду марҳилаи роҳи “Душанбе – Бохтар” дар ҳамин ҷо бо лоиҳаи сохтмони марҳилаи сеюми ин роҳи автомобилгарди дорои аҳамияти байналмилалӣ шинос гардиданд.
Марҳилаи сеюми роҳ аз қитъаи Қизилқалъа то шаҳри Бохтар масофаи 9,2 километрро дар бар мегирад.
Дар ин марҳила бунёди 2 пули нав, 8 истгоҳ, 16 қубури обгузар, дар тули 4 километр насби чароғҳои равшанидиҳанда, сохтмони пиёдароҳ дар масоҳати 9 ҳазору 500 метри мураббаъ ва гузоштани аломатҳои ишоравӣ дар тамоми мавзеи роҳ пешбинӣ гардидааст.
Маблағгузории марҳилаи сеюм 31 миллион долларро ташкил медиҳад, ки кумаки грантӣ аз ҳисоби Ҳукумати Ҷопон тавассути Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) дастрас мешавад.
Ҳадафи татбиқи лоиҳа боз ҳам беҳтар кардани ҳамлу нақл ва таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ дар қисми шоҳроҳи Душанбе – Бохтар тавассути таҷдиди қитъаи роҳи автомобилгарди Қизилқалъа – Бохтар ва ҳамин тавр мусоидат ба рушди иқтисоди миллӣ гуфта мешавад.
Дар доираи лоиҳа корҳои васеъ кардани ду канори роҳ ба нақша гирифта шуда, хатҳои рафтуомади воситаҳои нақлиёт аз ду самти ҳаракат ба 4 қатор расонида мешавад.
Иттилоъ дода шудааст, ки то имрӯз аз ҷониби мутахассисони тоҷик дар ҳамкорӣ бо мутахассисони кишвари Ҷопон корҳои насб ва ба кор даровардани коргоҳи тавлиди бетон, буридани қисми болоии хок анҷом дода шуда, сохтмони 2 пул, қубурҳои чоркунҷашакл ва қабатҳои асосии роҳ оғоз гардидааст.
Тибқи нақша, роҳи мазкур то соли 2024 бо сатҳу сифати баланди ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ сохта шуда, мавриди истифода қарор дода мешавад.
Роҳи автомобилгарди Душанбе – Бохтар дар зимни Ҳамкории иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ, долонҳои 2, 5 ва 6 ҳамчун роҳи байналмилалӣ бунёд гардида, Тоҷикистонро бо Туркманистон, Афғонистон, Эрон, Покистон ва бандарҳои баҳрӣ пайваст намуда, дар ҳамлу нақли молу маҳсулоти минтақа саҳми бузург дорад.
Бояд ёдовар шуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар беш аз 2200 километр роҳи байналмилалии мошингард, 220 километр роҳи оҳан, 237 пул ва 5 нақби мошингузар бунёд гардида, ҳоло корҳо дар дигар лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ доир ба бунёди роҳҳо идома доранд.