Боздиди Оқохони IV аз Тоҷикистон: 29 октябр дар таърих

Рӯзи 29 Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сактаи мағзӣ, Рӯзи байналмилалии псориаз (бемории пӯст) ва Рӯзи кормандони низоми ҳифзи иҷтимоӣ дар Қазоқистон мебошад
Sputnik

Рӯзи 29-уми октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод?

Соли 1898 дар Русия нахустин киштии яхшикан дар ҷаҳон - "Ермак" ба истифода дода шуд.
Соли 1945 дар Ню-Йорк аввалин маротиба худкори саққодор ба фурӯш бароварда шуд.
Соли 1947 аввалин бор ба хотири ба вуҷуд овардани борон аз яхи хушк истифода бурда шуд.
Зодрӯзи Солеҳ Холматов ва медали тилои Комроншоҳи Устопириён: 28 октябр дар таърих
Соли 1969 аввалин додугирифт миёни ду компютер дар доираи лоиҳаи ARPANET сурат гирифт, ки ин ҳодисаро дар таърих тавлиди интернет меноманд.
Соли 2016 ҷудокори тоҷик Хушбахт Қурбонмамадов дар мусобиқаи "The Big Apple Judo Classic-2016" дар Ню-Йорк медали тило ба даст овард.

Рӯзи 29-уми октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод?

Cоли 2006 пешвои исмоилиёни ҷаҳон Шоҳ Карим Ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV аз Тоҷикистон боздид кард.
Соли 2012 дар шаҳри Хуҷанд бо ширкати Президент Эмомалӣ Раҳмон ду коргоҳи нави истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Соли 2013 дар шаҳри Кӯлоб 6 корхонаи нави истеҳсолӣ ба кор дароварда шуданд.
Соли 2014 Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 20-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи афв"-ро, ки бо пешниҳоди роҳбари давлат аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида буд, имзо кард.
Ифтитоҳи нақби "Шаҳристон": 27 октябр дар таърих
Соли 2016 дар шаҳри Роғун бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар соҳили дарёи Вахш маросими оғози бунёди сарбанди неругоҳи барқи обии "Роғун" барпо шуд.
Соли 2019 беш аз 400 маҳбус аз муассисаи ислоҳии 3/5 воқеъ дар шаҳри Хуҷанд ба озодӣ баромаданд.

Ҷашнҳои рӯзи 29 октябр

Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сактаи мағзӣ.
Рӯзи байналмилалии псориаз (бемории пӯст).
Рӯзи кормандони низоми ҳифзи иҷтимоӣ дар Қазоқистон.

Рӯзи 29 октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст?

Соли 1929-1993 - нависанда Қулмуҳаммад Абдулҳусейнов.
Соли 1950 - Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ.
Соли 1958 - доктори илмҳои иқтисодӣ Ихтиёр Ашӯров.
Соли 1963 - сароянда Раъно Абдуллоева.