Жириновский талаб кард, алайҳи ваксинбадбинҳо парванда боз шавад

Жириновский талаб кард, барои онҳое, ки зидди ваксинзанӣ ҳастанд, ҷазо муқаррар шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Роҳбари Ҳизби либерал-демократии Русия Владимир Жириновский дар барномаи "Радиои Русия" пешниҳод кард, барои онҳое, ки зидди ваксиназанӣ ҳастанд, ҷазо таъйин шавад.
Ӯ аз ҷумла русҳоеро, ки дар рӯзҳои таътил ба дигар кишварҳо сафар намуданд, мавриди танқид қарор дод.

"Онҳо бо ҳавопаймо парвоз мекунанд, он ҷо мариз шуда бармегарданд ва моҳи ноябр боз мавҷи нави коронавирус сар мезанад. Ин кор нодуруст аст", - афзудааст ӯ.

Сиёсатмадор аз тамоми шаҳрвандони Русия даъват намуд, ки дар рӯзҳои истироҳат дар хонаҳои худ шинанд ва ба ҷое сафар накунанд.
"Ҳар нафаре, ки алайҳи ваксинзанӣ мавқеъ дошта бошад, нисбаташ бояд чораҷӯӣ шавад. Дар ин хусус ҳатто моддае дар Кодекси ҷиноӣ дорем", - таҳдид намудааст Жириновский.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Русия 60 ҳазор кӯдак гирифтори коронавирус аст
Раҳбари Ҳизби либерал-демократӣ ёдовар шуд, ки агар вайрон кардани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ боиси сирояти одамон шавад, ба гунаҳкор то 7 соли зиндон таҳдид мекунад.
Вай ҳамчунин тақозо кардааст, ҳизбҳое, ки намояндагонашон зидди ваксинзанӣ ҳастанд, пароканда ва худи сиёсатмадорон боздошт шаванд.
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи чаҳоршанбеи гузашта бо ҳадафи мубориза бо коронавирус фармон дар бораи рӯзҳои ғайрикорӣ дар кишвар аз 30 октябр то 7 ноябрро имзо кард.