Тошканд дар интизори Далер Назаров: Консерте, ки лағв шуд, ҳоло баргузор мегардад

Барномаи консертии Далер Назаров бояд моҳи октябр дар Тошканд баргузор мешуд. Аксари мухлисони ӯ ҳатто чипта ҳам харидорӣ намуда буданд, вале ба далели авҷи бемории коронавирус он лағв гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Овозхон ва оҳангсози маъруфи тоҷик Далер Назаровро дар Тошканд интизоранд.
Ин овозхони хушноми тоҷик бояд моҳи ҷорӣ дар шаҳри Тошканд барои ҳаводорони худ дар қасри "Дӯстии халқҳо" барномаи консертии зинда баргузор мекард, вале ба далели бемории коронавирус барномаи ӯ лағв гардид.
Лағв шудани барномаи Далер дар Тошканд дар ҳолест, ки аксар чиптаҳо аллакай ба фурӯш рафтаанд.
Дар ҳамин ҳол сомонаи Afisha.uz таърихи барномаи консертии Далер Назаровро рӯзи 20-уми ноябр эълон намудааст. Гуфта мешавад, нафароне, ки қаблан чипта харидорӣ карда буданд, бидуни мушкил вориди консерт мешаванд.
Далер Назаров, яке аз хушномтарин овозхонон ва оҳангсозони тоҷик 8 сентябри соли 1959 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, хатмкардаи факултаи филологияи руси Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон аст, аммо аз кори омӯзгорӣ даст кашид ва пурра ба мусиқӣ пардохт.
Далер Назаров аксҳои даврони кӯдакии Парвизро нашр карду гуфт, бо ӯ мефахрад
Аксари таронаҳои ӯ хитҳоеанд, ки то ба ҳол тозагиву ҷаззобии худро гум накардаанд ва шуҳрати ӯро ба хориҷ аз марзҳои Тоҷикистон бурдаанд. Бахусус сурудҳои "Турки шерозӣ", "Эй парӣ" ва "Чак-чаки борон"-и ӯ, ки дар солҳои 80-уми асри гузашта офарида шудаанд, то ҳол аз шунавандагони зиёде бархурдоранд.
Яке аз сурудҳои охирини ӯ таронаи “Мастам” аст, ки солҳо ба ин сӯ зеби маҳофилҳост.
Далер Назаров ҳудуди 10 албоми тарона нашр кардааст. Таронаҳои ӯро овозхонҳои Русия, Ӯзбекистон, Туркия, Қазоқистон ва дигар кишварҳо бозхонӣ кардаанд. Аммо олами мусиқии ӯ бо тарона маҳдуд намешавад. Аз соли 1979 ба ин сӯ, ӯ барои ҳудуди 30 филм низ оҳанг навиштааст, ки маъруфтаринҳояшон “Нисо”, “Бут”, “Падари маҳтобӣ”, “Қиёми рӯз” ва ғайра мебошанд.