ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Дафтари матбуотии палатаи поёнии порлумон хабар дод, ки Тоҷикистон бо Ӯзбекистон дар бораи ҳамлу нақли баъзе колоҳо созишнома имзо кард.
Таъкид мешавад, ки вакилони порлумон дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси намояндагон Созишномаи байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар бораи транзити борҳои хавфнок тавассути қаламрави Ӯзбекистонро имзо карданд.
Зимни баррасии ин созишнома вакилон қайд карданд, ки ин санад ба дастгирӣ, тавсеа, таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории ду кишвар марбут аст.
Созишнома яке аз роҳҳои алтернативии воридоти колоҳои хатарнок ба Тоҷикистон шуда, раванди муттасили кори субъектҳои хоҷагидории ватаниро таъмин намуда, ба рушди иқтисоди Тоҷикистон низ мусоидат мекунад, мегӯяд манбаъ.
Вакилони парлумон дар баробари ин масъала ҳамчунин Созишномаи миёни Тоҷикистон ва Чин дар бораи ироаи кумакҳои ройгонро низ тасвиб карданд.
Аз ҷумла, нотаҳои табодули ироаи кумакҳои ройгон дар чорчӯби Созишномаи миёни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти Чин аз 27 майи соли 2002 тасвиб шуд.
Илова бар ин дар иҷлосия лоиҳаҳои Қонун "Дар бораи ислоҳи Кодекси замин", қонунҳо "Дар бораи таъмини аҳолӣ бо ғизои серғизо" ва "Дар бораи ноҳияҳои кӯҳистонии Тоҷикистон" баррасӣ ва қабул шуданд.
* - молҳои хатарнок категорияи борҳое мебошад, ки ҳамлу нақли онҳо манъ аст ё бо сабаби риояи чораҳои бехатарӣ дар интиқоли онҳо маҳдудиятҳои муайян ҷорӣ мешавад.
Инҳо метавонанд сӯзишворӣ, кислотаҳо, рангҳо, ҳама намуди аэрозолҳо, ҳалкунандаҳо, баъзе навъҳои нуриҳои кимиёӣ, яхҳои хушк ва бисёр моддаҳои дигар бошанд.