Ҳушдор аз шаклҳои нави COVID ва ҳалли мушкилоти мардум: 5 дастури Раҳмон ба масъулин

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ барои пешгирӣ аз шаклҳои нави бемории COVID-19 бояд пурзӯр карда шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба раҳбарони баландпоя панҷ дастур дод, ки аз яке аз онҳо пурзӯр кардани чораҳои пешгирикунанда аз паҳншавии шаклҳои ҷадиди бемории коронавирус мебошад.
Кишвардор таъкид кард, ки махсусан корҳои пешгирикунандаро нисбати одамоне, ки аз хориҷ ба кишвар меоянд, пурзӯр кунанд.

"Бо дарназардошти дар чандин кишвари олам аз нав авҷ гирифтани бемории сироятии COVID-19 ва шаклҳои нави он зарур аст, ки корҳои фаҳмондадиҳиву пешгирикунанда дар байни мардум ва хусусан онҳое, ки аз кишварҳои хориҷӣ ба Ватан бармегарданд, вусъат бахшида шавад", - гуфт президент.

Ӯ ҳамчунин ба риояи маслиҳату тавсияҳои табибону мутахассисон даъват кард.
Дар баробари ин президент чанд вазифаи муҳими масъулинро номбар кард, ки бояд бечунучаро иҷро шаванд:
барои ҳалли мушкилоти мардум чораҳои саривақтӣ андешидан;
ҳидояти соҳибкорону шахсони саховатпеша ва аҳолӣ ба корҳои ободониву созандагӣ;
вусъат додани кишти тирамоҳӣ, тайёрии ҳамаҷониба ба зимистон, зудтар ба мавсими сармо омода кардани соҳаҳои иҷтимоӣ ва дар навбати аввал муассисаҳои таълимиву тандурустӣ, роҳҳо, захираи маводи ғизоӣ, сӯзишворӣ, инчунин, захираи хӯроки чорво
захираи дусолаи маводи ғизоӣ, сарфаю сариштакорӣ, пешгирӣ кардани исрофкориву зиёдаравӣ ва риояи ҳатмии талаботи қонуни танзим.
пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар кишвар.
Ҳушдори Эмомалӣ Раҳмон аз соли қаҳтӣ: "имсол вазнинтар мешавад" - видео