ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Дабири Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев хостааст, ки паҳншавии ақидаҳои ифротӣ миёни муҳоҷирон дар минтақаҳо назорат шавад.
Патрушев таваҷҷуҳро ба вазъи душвори имрӯзаи марбут ба афзоиши ҷиноятҳои экстремистӣ ва террористӣ дар маркази Русия ҷалб кард.
Номбурда қайд кард, ки ҷонибдорони ҷараёнҳои динии радикалӣ вориди қаламрави Федератсияи Русия шуда, дар ҷойҳои истиқомат ва кори оммавии муҳоҷирони хориҷӣ фаъолияти таблиғотӣ анҷом медиҳанд.
"Ман аз раҳбарони вилоятҳо, сохторҳои қудратӣ ва хадамоти махсус хоҳиш мекунам, ки масъалаҳои ҷилавгирӣ аз густариши идеологияи радикалӣ дар байни муҳоҷирони хориҷиро зери назорати махсус бигиранд", - гуфт Патрушев дар нишасти марбут ба амнияти миллӣ дар манотиқи марказии Русия.
Ӯ таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки технологияҳои иттилоотӣ барои ҷазби террористон бештар истифода мешаванд. Бо ёрии фазои иттилоотӣ маводе низ паҳн карда мешавад, ки барои эҷоди ташаннуҷи сунъӣ ва таҳкими ихтилофот дар муносибатҳои байни миллату динҳо пешбинӣ шудаанд.
Ҳамчунин, дабири Шӯрои амнияти Федератсияи Русия хостааст, ки ба бегонаситезӣ нисбат ба хориҷиён роҳ надиҳанд.