Аз метро то дохили хонаҳо: Дар Маскави Нав миёни муҳоҷирон рейдҳои густурда мегузаронанд

Пулис дар Маскави Нав байни муҳоҷирон тафтишот гузаронд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Дар Маскави Нав бо мақсади тафтиши қонуншикании шаҳрвандони хориҷӣ ва ошкор кардани муҳоҷирони ғайриқонунӣ рейдҳои густурдае анҷом шуд, хабар медиҳад шабакаи телевизионии "Россия 24".
Дар рафти рейдҳо кормандони интизомӣ беш аз 400 ҳодисаи қонунвайронкунии гуногунро пешгирӣ кардаанд.
Сабаби санҷишҳои густурда муроҷиати сокинони маҳаллӣ буд, ки аз шумораи зиёди муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар қаламрави Маскави Нав шикоят кардаанд.
Саломат бошед: чӣ гуна бояд муҳоҷир бимаи тиббӣ интихоб кунад - видео
Ҳамакнун дар ин маҳал ҳатто посбонҳои мардумӣ пайдо шудаанд ва тафтиши асноди шаҳрвандони хориҷӣ аз назди истгоҳи метро оғоз мешавад.
Дар баробари ин дар манотиқи Коммунарка отрядҳои пурзӯри пулис шабонарузй навбатдорӣ мекунанд.
Якҷоя бо онҳо кормандони Бозраси давлатии автомобилӣ, хадамоти патрулӣ ва посбонӣ, участкаҳои маҳаллӣ ва хадамоти андоз кор мекунанд.
Русия
ID-корти муҳоҷир чӣ гуна ҳуҷҷат аст: шарҳи ВКД Русия
Ба гуфтаи сардори Раёсати иттилоот ва робита бо ҷомеаи Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия дар шаҳри Маскав Владимир Васенин, кормандони пулиси пойтахт мунтазам дар ноҳияҳои маъмурии Троитск ва Новомосковск тадобиреро рӯи даст мегиранд.

"Онҳо ба рафъи қонуншиканиҳо, аз ҷумла қонунгузории муҳоҷират рабт доранд. Ба атрофи истигоҳи метрои "Прокшино" таваҷҷуҳи хос зоҳир карда мешавад. Ҳама шаҳрвандоне, ки ба қонуншиканӣ даст задаанд, ба шуъбаи милисаи ҳудудӣ бурда, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд", - гуфт Васенин.

Гуфта мешавад, ки рейдҳо на танҳо дар кӯчаву истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ, балки дар хонаҳое, ки эҳтимол муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба сар мебаранд, сурат гиранд.